Ҷаласаи 82-юми Шурои маъмурияти роҳҳои оҳани ИДМ дар Душанбе доир мегардад

Март 25, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи 82-юми Шурои маъмурияти роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шурои маъмурияти роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи роҳи оҳан баррасӣ гардад. Инчунин дар назар аст, ки Протоколи ҷаласаи 82-юми Шурои маъмурияти роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расад.

Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласаи 82-юми Шурои маъмурияти роҳҳои оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, аз ҷумла «Кохи Наврӯз»-ро тамошо менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Март 25, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад