Ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро тақвият меёбад

Март 16, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро бо фаъолияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шинос гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, меҳмонон бо иқтидори илмию таълимии озмоишгоҳҳои кафедраҳои бехатарии фаъолияти инсон ва экология, технология ва таҷҳизоти саноати нассоҷӣ ва неругоҳҳои электрикӣ бо имконоти мавҷуда ва татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ шинос шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои робитаҳои муассисаҳои таълимиро дар самтҳои мухталиф қобили мақсад шуморида, барои идомаи таҳсили донишҷӯён тибқи барномаҳои таълимии муштарак ва баргузор намудани машғулияти бозомӯзии касбӣ барои омӯзгорону донишҷӯён ба мувофиқа расиданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Март 16, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад