«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Намоиши асарҳои эҷодӣ ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, қабл аз оғози тантанаҳои идона намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоишгоҳ рассомони шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, меҳмонон аз Чин, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Корея, Русия ва Эрон иштирок намуданд.
Ректори донишкада Сироҷиддин Ҷурахонзода иброз дошт, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯзи фархундапай барои боз ҳам амиқу дақиқ, возеҳу равшан тасвир ва ба таври васею доманадор бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани он шароити мусоид муҳайё намуд. Маҳз ташаббусу талошҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон буд, ки Наврӯз ба ҳайси мероси ғайримоддии умумиҷаҳонӣ пазируфта шуда, имрӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн низ ин ҷашни миллӣ бо намоиши корҳои эҷодии рассомии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони рамзии «Аз Наврӯз то Наврӯз» истиқбол гирифта мешавад, ки нишонаи арҷгузории аҳли санъат ба ин ҷашни миллӣ мебошад.
Наврӯз пайвандгари дилҳо ва шаҳодатномаи таъриху тамаддуни миллати тоҷик аст. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ баргузор намудани намоиши эҷодӣ боиси ифтихор аст, чунки дар васфи Наврӯзи хуҷастапай, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, рассомону эҷодкорон пайваста таваҷҷуҳ менамоянду Наврӯзу баҳор яке аз мавзуъҳои марказии рассомону эҷодкорон аст.
Меҳмонони чорабинӣ бо намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии донишҷӯёни факултаҳо шинос шуда, ба маҳорату истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд. Ба як зумра омӯзгорону донишҷӯёни муассиса «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и донишкада ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм тақдим гардид.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






