Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон» конфронси байналмилалӣ доир шуд

Март 17, 2025 16:32

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҳошияи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival»  бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конфронс олимону муҳаққиқони самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист доир ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии оби ошомиданӣ табодули афкор намуданд.

Иброз шуд, ки давоми моҳи сентябр ва октябри соли сипаришуда дар пиряхи Ванҷях бо мақсади гузаронидани корҳои инструменталии саҳроӣ дар қисмати ғизогирии пирях, муайян намудани хатсайри экспедитсионӣ барои таҳқиқоти минбаъда ва насби стансияи худкори мушоҳидаи шароити метеорологии қисмати ғизогирии пирях экспедитсияи байналмилалӣ гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи махсус Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар шуда, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели бебаҳси ташаббускории ҷумҳурии мо мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 17, 2025 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд