Байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Ҳокими Аморати Раъс Ал Хайма Шайх Саъуд ибни Сақр Оли Қосимӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Бино ба маълумоти сарчашма, ҳадафи асосии вохӯрӣ аз баррасии масоили татбиқи ҳамкорӣ байни минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб тавассути ҷалби сармоя дар бахшҳои саноати сабук ва истихроҷи маъдан, энергетика ва об, нақлиёт ва коммуникатсия, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва сайёҳӣ иборат буд.
Ҷонибҳо инчунин масоили ташкили корхонаҳои муштараки шаклҳои гуногуни фаъолият, рушди бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт, фаъол намудани абзори соҳавии ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ бо истифода аз фанновариҳои муосир ва барномаҳои нармафзори зеҳни сунъиро баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд
Муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид






