Байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ амалӣ мешавад

Март 7, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Ҳокими Аморати Раъс Ал Хайма Шайх Саъуд ибни Сақр Оли Қосимӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.

Бино ба маълумоти сарчашма, ҳадафи асосии вохӯрӣ аз баррасии масоили татбиқи ҳамкорӣ байни минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб тавассути ҷалби сармоя дар бахшҳои саноати сабук ва истихроҷи маъдан, энергетика ва об, нақлиёт ва коммуникатсия, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва сайёҳӣ иборат буд.

Ҷонибҳо инчунин масоили ташкили корхонаҳои муштараки шаклҳои гуногуни фаъолият, рушди бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт, фаъол намудани абзори соҳавии ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ бо истифода аз фанновариҳои муосир ва барномаҳои нармафзори зеҳни сунъиро баррасӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Март 7, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд