Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба амалиёт бо сангу металлҳои қиматбаҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд, ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи назорат аз болои фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии баамалбарорандаи амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо нисбат ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, инчунин ошкорсозии амалиёти шубҳанок аз ҷониби шахсони баамалбарорандаи амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.
Дар доираи ин санад инчунин ҷонибҳо барои баргузор намудани вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳо бо иштироки коршиносон, мушовирон ва дигар шарикон барои баррасии масъалаҳои дорои манфиати мутақобил ва роҳҳои такмили онҳо, расонидани кумаки мутақобил оид ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи назорат, табодули таҷриба ва иттилоот ба мувофиқа расиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






