Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба амалиёт бо сангу металлҳои қиматбаҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Март 14, 2025 13:29

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони  давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд, ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи назорат аз болои фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии баамалбарорандаи амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо нисбат ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, инчунин ошкорсозии амалиёти шубҳанок аз ҷониби шахсони баамалбарорандаи амалиёт бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад.

Дар доираи ин санад инчунин ҷонибҳо барои баргузор намудани вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳо бо иштироки коршиносон, мушовирон ва дигар шарикон барои баррасии масъалаҳои дорои манфиати мутақобил ва роҳҳои такмили онҳо, расонидани кумаки мутақобил оид ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи назорат, табодули таҷриба ва иттилоот ба мувофиқа расиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2025 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт