Байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Кирови Русия созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Русия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ ба имзо расид.
Созишнома аз ҷониби Раиси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Губернатори вилояти Кирови Федератсияи Русия Александр Соколов имзо карда шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади созишнома аз тавсеаи робитаҳои судманди дуҷониба, алалхусус таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ иборат мебошад. Инчунин дар асоси баробарӣ ва бо инобати манфиатҳои мутақобили тарафҳо санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунандаи ҷонибҳо низ ба назар гирифта мешаванд.
Созишнома имкон медиҳад, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ байни вилояти Хатлон бо вилояти Киров густариш ёбад. Он ба таҳкими робитаҳо байни ду минтақа мусоидат намуда, барои тарафҳо имконияти нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам меорад.
Табодули ин санад ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки бо вилояти Киров дар соҳаҳои саноат, комплекси агросаноатӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ҳамкорӣ намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






