Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 март бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идонаи бошукуҳ доир гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад, ки зимни ҳамоиш Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки занони мақомоти корҳои дохилӣ бо дарки масъулият ва ҳисси миллатдӯстию ватанпарастӣ дар қатори мардон вазифаҳои худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Бо шарофати дастгирию ғамхорӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сол то сол боло рафта, онҳо чун аъзои фаъоли ҷомеа дар пешрафти зиндагии оилавӣ ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ нақши назаррас мегузоранд.
«Воқеан, имрӯз занону модарон дар ҳаёт ва рӯзгори мо тарбиятгар, ғамхору мададгор, такягоҳ, ҳунарманду ҳунаромӯз, ободкору зебоипараст ва олиҳаи ҳусн мебошанд»,-изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.
Зимни ҳамоиш ба 240 нафар кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ мукофотҳои соҳавӣ, ба 681 нафар маблағҳои пулӣ ва ба 13 нафар рутбаҳои махсуси як зина боло аз вазифаи ишғолнамудаи бастӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин ғолибони мусобиқаи идонаи тирпаронӣ, ки бахшида ба Рӯзи Модар байни кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ доир гардида буд, бо Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






