Барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ барномаи идонаи бошукуҳ доир гардид

Март 8, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 март бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идонаи бошукуҳ доир гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад, ки зимни ҳамоиш Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки  занони мақомоти корҳои дохилӣ бо дарки масъулият ва ҳисси миллатдӯстию ватанпарастӣ дар қатори мардон вазифаҳои худро сарбаландона иҷро менамоянд.

Бо шарофати дастгирию ғамхорӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сол то сол боло рафта, онҳо чун аъзои фаъоли ҷомеа дар  пешрафти зиндагии оилавӣ ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ нақши назаррас мегузоранд.

«Воқеан, имрӯз занону модарон дар ҳаёт ва рӯзгори мо тарбиятгар, ғамхору мададгор, такягоҳ, ҳунарманду ҳунаромӯз, ободкору зебоипараст ва олиҳаи ҳусн мебошанд»,-изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.

Зимни ҳамоиш ба 240 нафар кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ мукофотҳои соҳавӣ, ба 681 нафар маблағҳои пулӣ ва ба 13 нафар рутбаҳои махсуси як зина боло аз вазифаи ишғолнамудаи бастӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин ғолибони мусобиқаи идонаи тирпаронӣ, ки бахшида ба Рӯзи Модар байни кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ доир гардида буд, бо Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд