Барои муҳаққиқони ҷавон Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаю технология ва инноватсияю ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаю технология ва инноватсияю ихтироъкорӣ таъсис дода шудааст.
Ҷоизаҳо аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешаванд:
Илмҳои дақиқ – фаъолияти илмию эҷодӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
Адабиёт (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);
Рӯзноманигорӣ (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
Санъат (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандии саҳнавӣ, расмҳои кашидаи дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);
Меъморӣ (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити шаҳри Душанбе мувофиқ бошад).
Техникаю технология — такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
Инноватсияю ихтироъкорӣ (татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани чор ҳадафи стратегии мамлакат, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, амалисозии усулҳои нави таълим ва таҳқиқоти илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 40, тавассути Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе то 31 марти соли 2025, соати 17:00 қабул карда мешаванд.
АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе








Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад






