Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии бошукуҳ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 март ба ифтихори Рӯзи Модар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Гавҳари яктоӣ, Модар!» чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода доир ба қудрату азамати Зан-Модар иброз дошт, ки «ҳамасола дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор дар ҷумҳуриамон ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи Модар таҷлил мегардад, ки ин боиси сарфарозии занону модарон аст. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати мамлакат аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахшии занону модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокории онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад. Воқеан, модар азизтарин мавҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад».
Дар ҳамоиш дар фазои тантанавӣ як зумра кормандону омӯзгорон барои заҳмати содиқона ва фаъолияти садоқатмандона бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон дастагули суруду таронаҳои дилангез дар васфи Зан-Модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






