Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор мегардад

Март 4, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 март, соати 13:00 дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивали «Сад ранги чакан» дар мамлакат аз соли 2018 инҷониб бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Фестивал ҳамасола бо фарогирии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар 3 давр баргузор мегардад. Даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат аз 25 январ то 15 феврал доир гардид. Даври дуюм дар сатҳи вилоят ва минтақаҳо аз 18 то 28 феврал гузаронида шуд. Даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ 5 март бо ташкили барномаи консертию театрӣ ва мукофотсупорӣ ба тарроҳон ва иштирокчиёни фаъол баргузор мешавад.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» имсол бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» соли 7-ум аст, ки дар мамлакат бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, тарроҳону ҳунармандон ва чакандӯзону наққошон доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд