Дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пуршукуҳ таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 марти соли равон дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқа соати 09:00 аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардида, ба тариқи хиёбони Раҳим Ҷалил ба воситаи пули нав то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби варзишгарони касбӣ ва сокинони гуногункасб доир мегардад.
Дар мусобиқа варзишгарони касбӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






