Дар шаҳри Москва ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 март бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки Қатъномаи қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ин ҷашни бостонии ниёгон ҳамчун иди байналмилалӣ рӯзи 21 март бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар қаламрави бузурги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил карда мешавад.
Дар чорабинӣ сӯзаниҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон ва дигар намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон намоиш гардида, ба таваҷҷуҳи иштирокчиён наворҳои муаррифкунандаи Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ, инчунин барномаи фарҳангии театрӣ пешкаш карда шуд.
Ҳамзамон меҳмонон бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла бо яке аз рамзҳои Наврӯз – «Ҳафт син ва Ҳафт шин» шинос гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руси













Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд






