Дар шаҳри Норак оид ба ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
НОРАК, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон-омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти мамлакат» конференсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш қабули ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ифтихори миллати шарафманди тоҷик номида шуд.
Гуфта шуд, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳи ҳал ва дарёфти усулҳои рафъи мушкилот вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо хеле муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ҷой гирифта, истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида менамоем, ки Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин ҳушдор медиҳанд.
Дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули қатъномаи нав дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд. Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим мутахассисон ва муҳаққиқони моро зарур аст, ки ташаббускор бошанд ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе






