Доир ба нақши Муҳаммад Хоразмӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ машварати илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Муҳаммад Хоразмӣ ва нақши ӯ дар рушди илми ҷаҳонӣ» машварати илмӣ — амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.
Дар машварат олимон саҳми ин олими барҷастаро дар рушди илми ҷаҳонӣ, бахусус риёзӣ, астрономӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ намуданд.
Зимнан дар мавзуъҳои «Муҳаммад Хоразмӣ-фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва падари математикаи Аврупо» ва «Тавсифи асарҳои риёзӣ ва астрономии Муҳаммад Хоразмӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Бояд гуфт, ки кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар мамлакатҳои олам васеъ истифода шудаанд.
АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш








ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд






