Футболбозони навраси тоҷик дар Давҳа бо дастаи мунтахаби наврасони Қатар ду бозии санҷишӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷараёни ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Давҳа бозии дуюми санҷишӣ баргузор намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Қатар рақобати санҷишӣ доир намуд. Бозӣ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа хеле ҷолиб доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Муҳаммад Назриев ва Назрулло Ашӯрализода ба нишон расониданд. Қаблан вохӯрии санҷишии якум байни дастаҳои мунтахаби наврасони Қатар ва Тоҷикистон бо ҳисоби мусовӣ 3:3 анҷом ёфта буд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) байни ҳам рақобат менамоянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






