Гандум муҳимтарин захираи хӯрокворӣ ва ашёи саноати хӯрокворӣ аст

Март 26, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховра»/. Гандум муҳимтарин захираи хӯрокворӣ дониста мешавад. Он растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх ва бунафш дорад. Инчунин он ашёи муҳими саноати хӯрокворӣ аст. Дар таркиби гандум сафеда, ангиштоб, равған, равғани эфир, ферменту витаминҳо, намакҳои минералӣ ва ғайра мавҷуд ҳастанд.

Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда (ба ҳисоби миёна 8-24 фоиз, дар навъҳои селексияи шӯравӣ ва гандуми худрӯй то 25-30 фоиз), ангиштоб 60-64 фоиз, равған 1,5-2 фоиз, намакҳои минералӣ 1,7 фоиз, витамину ферментҳо ва ғайра мавҷуданд. Зиёд будани сафедаи гандум ва истеъмоли он барои организм фоидаовар аст. Зеро сафедаҳо дар организм функсияи нақлиётӣ ва муҳофизатро низ иҷро менамоянд.

Хусисияти шифобахшии гандум

Табибони қадим нон ва маҳсулоти гуногуни хамириро дар мавриди бемориҳои гуногуни меъда, ҷигар ва гурда тавсия додаанд. Доруе, ки аз кунҷид, гандум, биринҷ, ҷав ва нахӯд таҳия карда мешавад, барои муолиҷаи амрози банду буғум ва рагу пайҳо истифода мегардад.

Дар тибби халқӣ ба сифати даво ва парҳез гандумбирён, майсаи навруста, дони таррак, сабӯс ва коҳи гандумро истифода мебаранд. Инчунин ҷӯшоби мағзи нони гандумиро ҳангоми дарунравӣ ва исҳоли хунин тавсия медиҳанд.

Агар орди гандумро бо шакар ва бодом пухта, лесида бихӯранд, сурфа, хун партофтан, дарди узвҳои даруни сина ва гурдаро шифо мебахшад. Дар тибби муосир нону кулчаҳои гандумии туршиашон камро ҳамчун ғизои парҳезӣ барои беморони гирифтори газак ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта тавсия медиҳанд. Барои беморони гирифтори диабети қанд нонҳои камангиштоб, ҳангоми бемориҳои гурда ва силсилаи дилу рагҳо нони бенамак, дар мавриди заъфи гурда нони бесафедаи бенамак тавсия дода мешавад. Сабӯси гандум аз витаминҳои гурӯҳи В, моддаҳои минералӣ, бахусус калий, клетчатка бой аст, бинобар ин онро чун ғизои парҳезӣ ҳангоми қабзият, фарбеҳӣ, ғалаёни хун, дарди санги гурда, атеросклероз истифода мебаранд.

Аз гандум таомҳои миллӣ омода мешаванд

Аз орди гандум занон навъҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ омода месозанд. Инчунин бештари таомҳои миллии тоҷикон низ аз гандум омода мешаванд.

Дар фасли баҳор аз гандум сонинони мамлакат суманак омода менамоянд. Барои пухтани суманак гандумро тоза карда, дар оби хунук мешӯянд ва сипас дар зарфи зангногир тақрибан се рӯз тар карда, нигоҳ медоранд. Баъди сабзидани гандум аз майсаи он суманак омода мекунанд. Он организмро дар оғози баҳор бо витамин ва микроэлементҳо таъмин менамояд.

Яке аз таомҳои анъанавӣ барои субҳона атолаи нишоиста мебошад. Нишоистаро аз шираи гандуми таршуда омода мекунанд. Дар дег дар оташи муътадил ду коса шир, чор қошуқ нишоистаро омехта, то ба ҷўш омадан мекобанд. Баъди нағз ҷўшидан атолаи нишоиста тайёр мешавад.

Кашк хӯроки миллӣ ва қадимӣ буда, онро асосан аз гандум ва лубиё тайёр менамоянд. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон онро бо тарзҳои гуногун омода месозанд. Маҳсулот: гандуми сафедак, лубиё, эшум, гӯшти каллапоча, сар ё шикамбаи гов ё ин ки бузу гӯсфанд, намак, кабудӣ, об, пиёз. Он хӯроки хеле болаззат ва ғизонок буда, қувваи баданро зиёд менамояд. Дар як қисми минтақаҳои ҷумҳурӣ қариб, ки бо ҳамин усул дангича ва гандумҷӯшак низ омода менамоянд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад