Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав беш аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуд

Март 16, 2025 10:30

ШАҲРИНАВ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав соли 2024 зиёда аз 16 намуд навъҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ҳамешасабзро парвариш намуда, дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2024-2025 ба сокинони ҷумҳурӣ 82 ҳазору 265 бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Иқтисодчии хоҷагӣ  Раҳматулло Одинаев иброз дошт, ки «вобаста ба татбиқи нақшаи амалӣ барои солҳои 2025-2027  ва «Барномаи кабудизоркунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2040»  дар Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав ниҳолҳои гуногун парвариш карда мешаванд.  Имрӯзҳо  45 ҳазору 861 бех ниҳоли дарахтони  мевадиҳандаи себ,  нок, биҳӣ, гелос, олу, зардолу, бодом, шафтолу, 22 ҳазору 427 бех қаламчаи ток ва 13 ҳазору 977 бех  дарахтони ороишию ҳамешасабзу сояафкан барои фурӯш омода мебошанд».

Ҳамчунин  аз ҳисоби Барномаи рушди  соҳаи кишоварзӣ аз давлати Сербия ба хоҷагӣ  15 ҳазору 556 бех  наврустаҳои ниҳолҳои   магнолия,  булут, ҷалғӯза, санавбар ва дигар намуди дарахтон ворид карда шуданд. Дар айни замон наврустаҳои ин ниҳолҳо дар заминҳои хоҷагӣ парвариш шуда, ояндаи наздик ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд.

Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав  дорои 210 гектару 24 садяк замин мебошад,  ки аз ин 158 гектару  62 садякаш замини корами обӣ аст.  Дар заминҳои хоҷагӣ 87 гектар боғи дарахтони гуногун, 51 гектар боғи ангур ва 20 гектар замин барои парвариши ниҳол мавҷуд аст. Ниҳолҳои истеҳсолшуда дорои сифати хуб буда, онҳоро мутахассисони хоҷагӣ аз дарахтони боғҳои хоҷагӣ қаламча гирифта, ҳар дарахтро ба тариқи муғчапайванд дар намуди худаш пайванд менамоянд.

Дар нақша аст, ки дар хоҷагӣ истеҳсоли ниҳолҳои гуногун ба сад ҳазор бех расонида шавад.

Субҳониддин МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 16, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд