Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода гузориш дод.
Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳа муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои амалисозии ин ҳадаф нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо барои фаъолияти мунтазам таъсис дода шавад.
Дастур дода шуд, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда маълумот пешниҳод намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.
Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва истифодабарандагони замини ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 гузориши шахсони масъул шунида шуд.
Дар фароварди кори маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои ҳатмӣ, саривақтӣ ва босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Супоришҳо ҳамчунин оид ба ташкили саривақтӣ ва босифати кишту кори баҳорӣ, махсусан пахта ва картошка, иҷрои супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, вусъати сабзкорӣ ва созандагӣ дар иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон Наруҳито мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол Масами Ииҷима мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Акиҳико Танака мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Токиои Ҷопон шуданд






