Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ
ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 31 март муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешкаш гардид, иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими тантанавӣ меҳмонони олимақом – сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон, мардумони ҳарсе кишвар, инчунин, намояндагони дигар давлатҳои дӯст ва шарикони байналмилалиро, ки ба Хуҷанди бостонӣ ба ин муносибат ташриф овардаанд, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва расму оини устувори Наврӯз ҳарф зада, изҳор доштанд, ки ин ҷашн «ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд».
Сарвари давлати мо инро низ «комилан возеҳ» номиданд, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба истифодаи ҳамаҷонибаи асосҳои башардӯстӣ ва рамзҳои олии ҷашни таърихии Наврӯз ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда равона шудаанд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасидаро «санади таърихӣ» номида, таъкид доштанд, ки «ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки «аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт».
Сарвари давлати мо тавофуқоти бадастомадаро азми табиии мардумони се кишвар арзёбӣ намуда, таъкид доштанд: «мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем».
Сарони давлатҳои Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ ба муносибати ҷашни Наврӯз бо табрикот ва таманниёти нек суханронӣ карданд.
Сипас тантанаҳои бошукуҳ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангии ҳунармандон ва гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон идома ёфтанд, ки намунаи наздикии маънавию фарҳангии мардумони се кишвар гардид.
Барномаи ҳунарӣ, ки мазмунан фарогири савту навои дӯстиву бародарӣ ва накуҳамсоягӣ буд, ба намунаи возеҳи некхоҳиву накусириштӣ табдил ёфт.









Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






