Кормандони Палатаи ҳисоб Рӯзи Модарро бо шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки барои зан-модар беҳтарин неъмат ин сулҳу оромӣ аст. Онҳо аз ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар фазои орому осудаи мамлакат шукргузорӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттиллоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар медиҳад.
Раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода гуфт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва изату эҳтироми занон арҷ гузошта, барҳақ иброз намудаанд, ки «сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан-модар муайян карда мешавад, аз руйи он арзёбӣ мегардад». Дар ҳақиқат, меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, моро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем».
Изҳор гардид, ки ҳамин таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат ба пешрафти ҳаёти занону духтарон аст, ки онҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.
Таъкид шуд, ки ҷашни Рӯзи Модар- ин муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар маҳсуб шуда, дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани он нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






