Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мулоқот намуд

Март 3, 2025 12:15

ДУШАНБЕ, 03.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Уларбек Шаршеев доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадору аслиҳа ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни мулоқот фаъолнокии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа таъкид гардида, ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияту бехатарӣ вобаста ба авзои мураккаби сиёсӣ ва иқтисодию амниятии минтақа ва ҷаҳон, хусусан Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, ки аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои созмон дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай соли 2024 дар шаҳри Остона қабул шуда буд, изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамчунин дар мулоқот доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор анҷом дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2025 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд