Мақому эътибори баланд нисбат ба Зан-Модар нишони фарҳанги ғанию тамаддуни ҷаҳонии миллати тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Таҷассуми устураи Зан-Модар дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш дар мавриди мақому ҷойгоҳи Зан-Модар дар ҷомеа ва хусусан мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор доштани занон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, занону модарони тоҷикро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфтанд.
Дар идома аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвонҳои «Таҷассуми устураи Зан-Модар дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик», «Ҷойгоҳи Зан-Модар аз дидгоҳи шоирону нависандагон», «Мақоми Зан-Модар дар даврони истиқлолият» ва «Зеботарин сурудаҳо дар васфи Зан-Модар» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Зан-Модар аз гузаштаҳои дур то кунун дар байни қавмҳои ориёӣ ва дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз ҷойгоҳи воло бархурдор буда, дар гузори таърих онҳоро гоҳе ба унвони зансолор-модаршоҳ ва гоҳе ба унвони эзадбону шинохтаанд. Мақому эътибор ва ҷойгоҳи воло нисбат ба Зан-Модар нишони фарҳанги ғанию тамаддуни ҷаҳонии миллати тоҷик мебошад. Зеро таърих ва мадракҳои устурашиносӣ нишон медиҳанд, ки занони устуравии ориёӣ- Митро, Аноҳита ва Ардохшу боиси падидоии оинҳо ва боварҳои мазҳабӣ гашта, фаротар аз марзҳои Ориёно мавриди парастиш қарор мегирифтанд.
Ҳамчунин нахустин шаҳбонуҳо дар таърихи миллати тоҷик Бурондухт ва Озармидухт ба мақоми шоҳаншоҳӣ расидаанд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






