МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои пешгирии аллергия тарзи ҳаёти солимро бояд интихоб намуд

Март 26, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли баҳор бархе одамон нисбат ба омилҳои берунӣ, ба монанди хӯрокиҳо, атрҳо, гарди гулҳо, гарду хок ва дигар чизҳо ҳассосият пайдо менамоянд. Он ба таври маъмул-дар  шакли хориш, сӯзиш, атса, сурфа, обрезии бинӣ, ашки чашм ва илтиҳоби роҳҳои нафаскашӣ зоҳир мегардад. Дар тибби имрӯза онро  аллергия меноманд. Чунин иброз медоранд мутахассисони соҳаи тиб.

Нафароне, ки ба бемории аллергия гирифторанд, бо фарорасии фасли баҳор ин беморӣ дар онҳо авҷ мегирад. Зеро иммунитети заиф ва ирсияти заиф хатари авҷгирии аллергияро зиёд мекунад. Тибқи омор, 85 фоизи  беморони аллергиядор дар ин вақт аз авҷгирии шадид азоб мекашанд. Асосан аллергияи пеш аз мавсими гулкунӣ оғоз меёбад, зеро аллергенҳо дар хоки намноки аз барф обшуда, баргҳо ва алафҳои хушкида пайдо мешаванд. Хусусан дар фасли баҳор ва тирамоҳ, ки чанг бисёр мегардаду ҳар гуна ҳашарот зиёд мешаванд, гирифторони аллергия низ меафзоянд.

Нишонаҳои аллергия метавонанд дар ҷойҳои гуногуни организм пайдо шуда, шояд аз чанд дақиқа то чанд соат давом кунанд. Мутахассисон чунин нишонаҳои ин бемориро номбар намудаанд: нафаскашии душвор, сулфаи давомдор, чашмони сурхшуда ва обрав, дард ва илтиҳоби буғумҳо, шукуфа дар пӯст, шикамравӣ, қайкунӣ ва ғайраҳо.

Инчунин он метавонад аз таъсири пашми баъзе намудҳои ҳайвонот, маводи хӯроквории гуногун, чангу ғубор, доруҳо, маводи кимиёвӣ, газидани ҳашарот, гарди гулҳо ва аз таъсири Офтоб низ пайдо шавад.

Одамоне, ки дигар намуди бемориҳои аллергӣ, масалан астмаи бронхиалӣ ё шукуфа (экзема) доранд, дар аксар мавридҳо аз зукоми аллергӣ низ азият мекашанд. Ҳангоми гирифторӣ ба зукоми аллергӣ шояд нишонаҳои зерин пайдо шаванд: хориш дар чашмон, дар гулӯ, дар бинӣ ва дар ком, атсазанӣ ва инчунин маҳкамшавии бинӣ, обравӣ аз чашмон, обравии луобӣ аз бинӣ, сурхшавӣ ва дарди чашмон. Дар ҳолатҳои вазнин зукоми аллергӣ метавонад хурӯҷи астма (дар одамоне, ки аз астма азият мекашанд) ва ё шукуфа (экзема)-ро ба бор орад.

Ба тавсияи мутахассисон, ин беморӣ хатарнок нест, аммо омилҳои он метавонанд ба бадани инсон зарари ҷиддӣ расонанд. Агар яке аз волидон аллергия дошта бошанд, эҳтимоли пайдоиши аллергия дар фарзандон ба назар мерасад. Аллергия дар аксар маврид дар синни кӯдакӣ пайдо мешавад ва он бо мурури вақт афзоиш меёбад. Дар ин маврид мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки истифодаи доруҳоро кам намоянд, зеро бояд системаи масуниятии кӯдак бо он мубориза барад.

Вақте системаи масуният ба аллергия дучор мешавад, илтиҳоб ва асабоният ба вуҷуд меояд. Аломатҳо ва нишонаҳо аз намуди аллергия вобастаанд. Аксуламалҳои аллергиявӣ метавонанд дар рӯдаҳо (системаи ҳозима), пӯст, роҳҳои нафас, чашм ва бинӣ ҷой гиранд.

Бештари инсонҳо аллергияро ҷиддӣ қабул накарда, худсарона муолиҷа мекунанд ва доруҳои зиддиалергӣ истеъмол менамоянд. Ин амали онҳо боиси пайдо гардидани бемории гуногун мегардад. Дар ҳолати мушоҳида намудани нишонаҳои аллергия ҳатман ба духтури оилавӣ ё ба духтур-аллерголог муроҷиат намуда, аз санҷишҳои махсус гузаштан зарур аст.  Барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба аллергия бояд, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенаи шахсиро риоя намуд. Инчунин тарзи ҳаёти солим, истеъмоли  ғизои табиӣ ва истифодаи дурусти дорувориҳо зарур аст.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 26, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб гардид
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем