Мумина Шовалиева: «Растаниҳои худрӯйи Тоҷикистон дар фасли баҳор ҷузъи ҷудонашавандаи таомҳои миллӣ мебошанд»

ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор ҳамасола дар бозорҳои Тоҷикистон сабзаю алафҳои тару тозаи шифобахш ба фурӯш бароварда мешаванд. Пудина, шибит, сиёҳалаф, ҷағ-ҷағ, исфанох, қоқу, кашнизу райҳон ва пиёзи сабз аз навъҳое мебошанд, ки занони тоҷик дар фасли баҳор аз онҳо таомҳои гуногуни лазиз омода менамоянд.
Вобаста ба ин мавзуъ ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина Шовалиева дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «дар фасли баҳор, ки табиат аз нав зинда мешавад, бисёр намуди алафҳои тару тозаи баҳорӣ ва шифобахш, ба монанди қоқу, пудина, чукрӣ, рошак, сӯзанак ва шибит мерӯянд. Ҳар нафар бояд аз ин неъмати фасли баҳор, ки зудгузар аст, самаранок истифода барад. Ҳамаи ин сабзавот аз витаминҳо бой буда, барои саломатии инсон фоидаовар мебошанд. Дар фасли баҳор занҳои тоҷик одатан оши туппа, оши бурида, далда, самбӯсаи алафӣ, умочи ба пудина, ойлова, шакароб ва дигар таомҳо тайёр менамоянд».
Гиёҳҳои худрӯйи Тоҷикистон дар фасли баҳор ҷузъи ҷудонашавандаи таомҳои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб мераванд. Зеро аксари хӯрокҳо дар фасли баҳор бо истифода аз алафҳои баҳорӣ пухта мешаванд.
Оши туппа ва бурида
Имрӯз кадбонуҳои тоҷик хӯрокҳои миллиро ба ҳар навъ мепазанд. Аз ҷумла, оши туппа ва буридаро низ занони тоҷик ба табъи дили худ ва хонавода омода менамоянд. Оши туппа хӯроки аз хамир омодашуда буда, хамири дар он истифодашавандаро паҳн ё чоркунҷа мебуранд. Дар оби он нахӯд ва лӯбиё андохта, ба муддати 15-20 дақиқа меҷӯшонанд. Пас аз он ба оби ҷӯшидаистода алафҳои баҳорӣ, аз ҷумла пудина, райҳон, кашниз ва дигар растаниҳои фоидабахш андохта мешавад. Сипас хамирҳои буридашударо ба дег мепартоянд. Оши туппа дар ҳарорати баланди ҷӯшидани об дар зарфи 5-7 дақиқа мепазад.
Бо ҳамин тарз кадбонуҳои тоҷик оши бурида низ тайёр менамоянд, аммо хамири оши бурида нисбат ба оши туппа тунуктар аст.
Ҳамчунин баъди буридани зувола торҳои буридашударо бо усули дастак задан мустаҳкам ва борику дароз менамоянд.
Сиёҳалаф яке аз хӯрокҳои анъанавии мавсимии тоҷикон маҳсуб мешавад. Ин хӯрок дар байни мардум ҳамчун «шӯлаи сеалаф» ё «сиёҳалаф» маъмул аст. Барои тайёр кардани ин таом растании сиёҳалафро тоза карда реза намоед. Ба дег ним пиёла биринҷ ва об андохта ҷӯшонед. Пас аз он ки биринҷ қариб пухт, ба дег намак ва сиёҳалафи резашуда андозед. Ҳамчунин метавонед барои болаззат ва ғафстар шуданаш каме орд илова намоед.
Пас аз он ки сиёҳалаф пухт, ба косаҳо кашида, онро бо чакка истеъмол менамоянд. Ин навъи таом бештар дар вилояти Хатлон, водиҳои Рашту Ҳисор маъмул аст.
Дар таркиби сиёҳалаф йод мавҷуд буда, барои бартараф намудани бемории ҷоғар (зоб) муфид аст.
Самбӯсаи алафӣ
Самбӯсаи алафӣ яке аз хӯрокҳои маъмул дар байни аҳолӣ буда, занони тоҷик онро бештар дар фасли баҳор тайёр менамоянд.
Самбӯсаи алафӣ ҳатто дар ошхонаю тарабхонаҳои мамлакат барои муаррифӣ намудани хӯрокҳои миллӣ ба сайёҳон ҳамчун бренди миллӣ омода ва пешниҳод мешавад. Барои тайёр кардани он орд, об, намак ва равғани зард, растаниҳои худрӯй, пиёз ва мурчу зира зарур аст.
Бояд гуфт, ки самбӯса яке аз хӯрокҳои асосии хони наврӯзии «Ҳафт син» ба шумор рафта, новобаста ба фасли сол таҳия мегардад. Аммо самбӯсаи алафӣ аз таомҳои хоси баҳорӣ аст.
Ойлова
Ойлова яке аз ғизоҳои дӯстдоштаи сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ба шумор меравад. Ин хӯроки сервитаминро дӯстдорони он маҳз дар фасли баҳор тайёр менамоянд. Барои пухтани ойлова растаниҳои худрӯй, аз қабили раҳдавак, гӯши бузак, пудина, сиёҳалаф, ҷоҷӣ, каравчак, шибит, ҷамилак, барги зулф, барги рошак, об ва каме орд зарур аст. Маҳсулот бояд дар оташи на он қадар баланд 30 дақиқа ҷӯшонида шавад. Сипас ба об орд андохта, то ба маҳлул табдил гардиданаш омехта карда, баъд ба дег андохтан зарур аст. Ойловаи омодашударо ба табақи чӯбин кашида, дуғ ва гашнич ҳамроҳ менамоянд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, аз давраҳои қадим инҷониб фасли баҳорро мавсими «оталахӯрӣ» мегӯянд. Инчунин тару тоза хӯрдани гиёҳҳои баҳориро дар ин фасл зарур медонанд.
Мардумшинос Мумина Шовалиева иброз дошт, ки сӯзанак алафи кӯҳӣ буда, дар кӯҳистон мерӯяд. Аслан ин растаниро тару тоза мехӯранд ва аз он барои тайёр намудани хӯрок кам истифода мебаранд. Зеро он маззаи хӯрокро метавонад дигар кунад. Ҳамчунин бино ба баъзе сарчашмаҳои таърихӣ, алафи сӯзанак маззаи тунд дорад ва бештар дар байни гандумзор мерӯяд. Дар қадим ин алафро мардум то шукуфтанаш дар шакли тару тоза мехӯрданд ва ақида доштанд, ки хуни инсонро аз заҳрҳои гуногун тоза мекунад.
«Алафи кӯҳии «торон» дар кӯҳсор месабзад ва онро ба таври тару тоза бо намак мехӯрданд. Ин алаф дар минтақаҳои баландкӯҳи Точикистон мерӯяд. Дар тибби халқӣ баргҳои тару тозаро барои беҳтар кардани иштиҳо ва рафъкунандаи ташнагӣ истифода мебаранд. Яъне, торон ташнагии инсонро мешиканад»,-изҳор дошт мардумшинос.
Вобаста ба истеъмол ва фоидаи гули қоқу ҳамсуҳбати мо гуфт, ки мувофиқи маълумоти таърихӣ, қоқу гиёҳи маъмули доругӣ мебошад. Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват менамояд. Табибони халқӣ қоқуро барои табобати илтиҳоби ҷигар ва тамоми бемориҳои вобаста ба он, инчунин дарди санги гурдаву масона, диабети қанд, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯстро баэътидоловаранда ва чун доруи иштиҳоовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ«Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз