Ҳоким Холиқзода дар Москва дар Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои иштирокдори ИДМ 2025 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 март муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҳоким Холиқзода дар Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2025 «Навгаштиҳои рушди шарикӣ дар Авруосиёи Бузург. Ҳамкории инноватсионӣ ва илмӣ-технологӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар рафти ҷаласа ҳайатҳои васеи кишварҳои минтақа масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, тадбирҳои роҳандозигардидаи мақомоти давлатӣ дар робита ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои илму технология, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ ва логистикии Авруосиё ва дигар масъалаҳои муҳими рушди равобити кишварҳои Иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳоқим Холиқзода таъкид намуд, ки чорабинии мазкур дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад ва дар ин росто Тоҷикистон ба самтҳои рушди илмӣ-техникӣ, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва сабз, инчунин тағийрёбии иқлим ва ҳамкории байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.


Илова бар ин дар робита ба татбиқи самтҳои авлавиатноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ то соли 2030 ва эълон гардидани 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳиссаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50%-ро ташкил медиҳад.
Дар доираи форум маросими супоридани ҷоизаҳои «Пешвои ҳамгироии иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Соҳибкори Пешвои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






