Ҳоким Холиқзода дар Москва дар Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои иштирокдори ИДМ 2025 иштирок намуд

Март 29, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 март муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҳоким Холиқзода дар Форуми байналмилалии иқтисодии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2025 «Навгаштиҳои рушди шарикӣ дар Авруосиёи Бузург. Ҳамкории инноватсионӣ ва илмӣ-технологӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар рафти ҷаласа ҳайатҳои васеи кишварҳои минтақа масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, тадбирҳои роҳандозигардидаи мақомоти давлатӣ  дар робита ба дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои илму технология, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ ва логистикии Авруосиё ва дигар масъалаҳои муҳими рушди равобити кишварҳои Иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳоқим Холиқзода таъкид намуд, ки чорабинии мазкур дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад ва дар ин росто Тоҷикистон ба самтҳои рушди илмӣ-техникӣ, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва сабз, инчунин тағийрёбии иқлим ва ҳамкории байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.


Илова бар ин дар робита ба татбиқи самтҳои авлавиатноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ то соли 2030 ва эълон гардидани 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳиссаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50%-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи форум маросими супоридани ҷоизаҳои «Пешвои ҳамгироии иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Соҳибкори Пешвои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Март 29, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд