Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ бахшида ба Наврӯз дар Панҷакент муайян шуданд

Март 18, 2025 09:28

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 марти соли 2025 бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин мусобиқа паҳлавонон аз рӯйи чор вазн байни мардон- то 65кг,то 78кг, то 95кг ва +95 кг ва як вазн- 70кг байни занон рақобат намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баргузории чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар рушди гӯштини миллӣ ва таҳкими нуфузи варзиши Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ қадами муҳим мебошад. Ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ ба таври зерин муайян шуданд:

— дар вазни то 65 кг се варзишгари шинохтаи тоҷик: Сарвар Абдушукуров, Боқӣ Валимуҳаммад ва Орифҷон Додов ба гирифтани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардиданд. Як медали биринҷии дигарро Дилшод Бӯриев аз Ҷумҳурии Узбекистон соҳиб шуд. Ҳамчунин дар вазни то 78 кг се паҳлавонони шинохтаи тоҷик: Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Наврӯз Каримзод ва Абубакр Боқиев соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Як медали биринҷии дигарро варзишгар аз Ҷумҳурии Узбекистон Алимардон Абдулаҳатов соҳиб гардид.

Дар вазни то 95 кг Ҷонибек Казаков аз Ҷумҳурии Узбекистон ба гирифтани медали тилло ноил шуда, Озаранг Содиқ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон соҳиби медали нуқра гардид. Паҳлавонони тоҷик Улуғбек Раҳимов ва Ғазалшои Давлатшо соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар вазни +95 кг байни мардон Шералӣ Ҷӯраев бо Бекмурод Олтибоев аз Ҷумҳурии Узбекистон соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардиданд, Дадахон Қурбоналиев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Уулу Каручбек аз Ҷумҳурии Қирғизистон сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар вазни 70 кг байни духтарон Шоиста Назарова аз Ҷумҳурии Узбекистон соҳиби медали тилло, Ҷонона Назарова бо Шоҳида Қаландарова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд. Як медали биринҷии дигарро Оземӣ Камчюбекова аз Ҷумҳурии Қирғизистон соҳиб гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2025 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Роғунро паҳлавонҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон сазовор шуданд
ФУТБОЛ. Қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад
Ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар чемпионати Осиё ба Тайиланд сафар намуданд
Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар иштирок менамояд
Ҳайати паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо соҳиби 27 медал гардиданд
Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Ваҳдатро Сомон Аламов ва Ғазалшои Давлатшо сазовор шуданд
Ғолибону ҷоизадорони 15-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуданд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад