Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ дар шаҳри Истаравшан муайян шуданд

Март 28, 2025 10:06

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз 27 март дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ дар сатҳи баланд ва бо иштироки мухлисон ва ҳаводорони гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба шореҳи АМИТ «Ховар» котиби генералии Федератсияи гӯштини миллӣ-гӯштингирии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев хабар дод.

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо иштироки 67 нафар меҳмонону варзишгарон аз давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Федератсияи Русия доир гардид. Дар он паҳлавонони тоҷик Шакармаҳмад Мирмаҳмадов, Шарифҷон Назриев, Фирдавс Насимов, Фарҳод Раҳаматуллобеков, Исроил Раҳимов, Алӣ Боқиев, Ҳамроз Раҷабов, Суҳроб Боқиев, Субҳиддин Халилзода, Баҳром Суфиев, Муҳаммадисо Раҷабов, Наврӯз Каримзод, Меҳрзод Суфиев, Идибеки Амиршо, Сомон Аламов ва дигарон бо ҳарифонашон рақобат намуданд.

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он паҳлавонон дар вазнҳои 61кг, 71кг, 86 ва +86 кг байни мардон иштирок намуданд. Ҳамчунин дар мусобиқа духтарони вазнашон то 57кг низ иштирок намуданд.

Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ аз ҷониби ташкилкунандагон бо медалу Диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ, инчунин бо Шоҳҷоиза-электромобил, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд, сарфароз гардонида шуданд. Шоҳҷоизаи мусобиқаро паҳлавони Узбекистон Бекмурод Олтубоев пас аз ғолиб омадан бар варзишгари тоҷик Шарифҷон Назриев соҳиб гардид.

Дар зер рӯйхати ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истаравшан оварда мешавад.

Вазни 57 кг
Аҳлия Муминова
Ирена Хубулова
Рӯзигули Ҳасан
Ситора Элмуродова

Вазни 60 кг
Искандар Маҳмадхоҷазода
Муҳаммадҷон Салимов
Меҳрзод Сӯфиев
Ҷӯрахон Амрохонзода

Вазни 71 кг
Наврӯзи Каримзод
Муҳаммадисо Раҷабов
Дилшод Мисаков
Алӣ Боқиев

Вазни 86 кг
Ҳамроз Раҷабов
Сайфиддин Сайфиддинзода
Умид Эсанов
Раҳматулло Фарҳодов

Вазни +86 кг
Бекмурод Олтибоев
Шарифҷон Назриев
Мухсин Исомиддинов
Шералӣ Ҷӯраев


Бояд гуфт, ки гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъанаи ниёгон ба ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Он ягона варзиш ё анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Гӯштингирӣ ё гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд.

Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рӯйи ин намуди зебои варзиш дар фасли баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Паҳлавонон дар байни халқ эътибори бузург дошта, дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояҳо ва сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ ва садоқатмандӣ ба ватанро ифода менамуданд.

Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2025 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд