Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд

Март 30, 2025 12:20

ДУШАНБЕ, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Шамсободи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дар як ҷойи ноободи деҳа бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва иштироки фаъоли сокинон бунёд карда шуд.

Баъди аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани иншооти соҳаи тандурустӣ дар ин ҷо 15 нафар соҳиби кори доимӣ гаштанд.

Маркази саломатӣ аз 7 ҳуҷра ва қабулгоҳ иборат буда, дар он шуъбаҳои таваллуд, хатна, табобати дандон, таҳлилгоҳ, сузангузаронӣ ва ҳуҷраи духтури тибби оилавӣ мавҷуд аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, маркази саломатӣ дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд гардида,ба 4500 нафар сокини деҳаи Шамсобод хизмати  муосири тиббӣ мерасонад.

Қаблан сокинони деҳа ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти вилоят рафта, аз ташхис гузаштаву табобат мегирифтанд, акнун бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилоти онҳо ҳалли худро пайдо кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар бунгоҳи саломатӣ табибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба мардум ва муомилаву муносибати хуб ба беморон ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30.03.2025

Март 30, 2025 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад