Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии «Ала Арча»-и Ҷумҳурии Қирғизистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба Боғи миллии “Ала Арча” ташриф оварданд.
Дар ин ҷо сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз Боғи миллии “Ала Арча” ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд.
Бояд гуфт, ки Боғи миллии “Ала Арча” дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар масофаи 40 километр дуртар аз пойтахти Қирғизистон — шаҳри Бишкек қарор дорад.
Боғи миллӣ дар мавзеъҳои зебои табиат қарор дошта, барои сайру саёҳат маҳалли дилфиреб аст.
Сарони давлатҳо зимни ташриф ба ин ҷо аз манзараҳои дилкаши боғ ва намоиши ҳунарҳои мардуми қирғиз боздид намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандон суҳбати самимӣ доир карда, ба ҳунарҳои воло ва маҳсули дастони онҳо баҳои баланд доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






