Рақамикунонии соҳаи нақлиёт яке аз ҷузъҳои меҳварии иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон аст

Март 25, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд. Иқтисоди рақамӣ омили муҳимми баланд бардоштани самаранокии тиҷорат ва сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб рафта, чунин намуди иқтисодиёте аст, ки дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотию платформаҳои рақамӣ рушд меёбад. Он доираи фарохи соҳаҳои иқтисодиётро дар бар мегирад, ки истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ё дигар фаъолияти иқтисодиро ба таври рақамӣ амалӣ менамоянд. 

Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, яке аз ҳадафҳои муҳимми худро рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муайян намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти масъалаи субот ва устувории рақобатпазириро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ дарк намуда, стратегияҳои технологияҳои волоро барои рушди иқтисодии мамлакат таҳия месозад, ки меҳвари онҳоро индустрияи технологияҳои иттилоотӣ ташкил медиҳад.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини фазои мусоид дар пешбурди сиёсати иқтисоди рақамӣ – Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”, Консепсияи ҳукумати электронӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, мавриди истифода қарор додааст.

Мувофиқи барномаҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама, мувофиқи “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба модели нави иқтисодӣ қадам гузорад ва асоси ин модел рушди сармояи инсонӣ мебошад.

Бояд ба назар гирифт, ки рушди босуръати рақамикунонии тамоми ҷомеаи ҷаҳон ва пайдоиши шумораи афзояндаи маҳсулоти рақамӣ аз мутахассисони баҳисобгирии идоракунӣ тақозо менамояд, ки дорои асосҳои иқтисодиёти рақамӣ бошанд, ки имрӯз ин омил дар навбати худ бартарии назарраси рақобатпазирӣ ба ҳисоб меравад.

Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зеринро ба таври зайл баррасӣ намуданд: «Дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ амалӣ карда шавад».

Муҳтавои масъала водор месозад, ки тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллиро рӯйи кор оварем. Зеро, сармояи инсонӣ бо усули омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ вусъат ва таҳким меёбад.

Соддагардонии расмиёти савдо яке аз мақсадҳои меҳварии иқтисоди рақамӣ мебошад, ки он яке аз ҳадафҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси созандаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 аъзои комилҳуқуқи ин созмон пазируфта шудааст. Узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои мардуми мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад ва ин раванд ба Тоҷикистон имкон дод, ки таҷриба ва қоидаҳои дар ҷаҳон эътирофшудаи савдои байналмилалиро татбиқ намояд ва иқтидори институтсионалии давлатро афзун созад.

Албатта, дар замони муосир бе таҳкиму вусъати иқтисоди рақамӣ ва инноватсия рушди нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ ғайриимкон буда, низоми мазкур ба тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёт низ таъсиррасон мебошад. Амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ як ҷанбаи муҳим мебошад. Хизматҳои рақамӣ, шаҳрҳои зеҳнӣ ва низомҳои идоракунии маълумот имкон медиҳанд, ки сифати хизматрасониҳои давлатӣ беҳтар гардад, дастрасӣ ва шаффофияти онҳо афзоиш ёбад, ҳамзамон амалҳои коррупсиониро коҳиш ва эътимодро ба ниҳодҳои давлатӣ таҳким диҳад.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон барои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани равзанаи маҷозӣ барои соддагардонии раванди дарёфти хизматрасониҳо фаъолона ва бомаром корбариҳо идома доранд. Ҳукумати электронӣ низ ба як ҷузъи муҳимми рӯзафзун табдил ёфта, корҳо дар ҷорӣ намудани низоми маҷозии ҳисоботи андоз, бақайдгирии соҳибкорӣ ва дигар хизматрасониҳои маъмурӣ идома доранд.

Марҳилаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон бо худ чандин истилоҳи навро пайдо намуд ва истилоҳи «логистикаи рақамӣ» низ аз ҷумлаи онҳост. Логистикаи рақамӣ – ин идоракунии равандҳои моддӣ, иттилоотӣ, молиявӣ ва инсонӣ бо мақсади муносибгардонии онҳо аз ҳисоби технологияҳои иттилоотии муосир мебошад.

Яке аз соҳаҳое, ки ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар Тоҷикистон бештар хизматрасониҳои худро ба тарзи рақамӣ амалӣ менамояд, ин соҳаи логистика мебошад. Рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ–логистикӣ ба баландбардории иқтидори рақобатпазирии ширкатҳои дар бозорҳои милливу байналмиллалӣ амалкунанда таъсири амиқи худро мегузорад. Технологияҳои рақамӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳо дар самти муносибгардонии хароҷот ва баландбардории сатҳи хизматрасониҳои логистикӣ шароити мусоидро муҳайё месозад.

Дар низоми иқтисодӣ соҳаи нақлиёт яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, бе роҳу нақлиёт гардиши савдоро тассавур  кардан ғайриимкон аст. Самараи гузариши соҳаи нақлиёт ба низоми рақамикунонӣ, пеш аз ҳама, имкон медиҳад, ки аз ҳисоби гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва аз низоми зеҳнии нақлиётӣ инфрасохтори сифатнок ва бехатарии роҳ таъмин гардида, ҳаҷми боркашонии автомобилӣ байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои алоқаи байналмилалӣ меафзоянд.

Дар шаҳрҳoи Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низoми пардoхти электрoнӣ дар хизматраcoнии нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди амал қарoр дoрад. Ин раванд дар дoираи татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ амалӣ шуда, рoҳҳoи нави хизматраcoнирo таъмин мекунад.

Мавриди тазаккур аст, ки 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Точикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Озмоишгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётиро мавриди истифода  қарор доданд.

Сохторҳои нави ҳамқадами замон низоми фаъолият ва раванди хизматрасониҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизом мебошанд, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.

Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ ба танзим дароварда шаванд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», пеш аз ҳама, бо татбиқ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ–коммуникатсионӣ ва телематикӣ барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ марбут ба соҳаи роҳу нақлиёт новобаста аз шакли моликият замина гузоштааст.

Дар ин васила, бо мақсади ташкили рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт, фарогирии пурраи нишондиҳандаҳои омории соҳа, истифодаи самараноки техника ва механизмҳои роҳдорӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетии ба соҳа равонагардида, назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбарии истифодаи умум, идоракунии ҳаракати роҳ, пардохти электронии хизматрасонии нақлиёт, иҷрои шиносномакунии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, шароитро фароҳам меоварад.

Бояд гуфт, ки аз 30 модули рақамикунонӣ, ки дар Вазорати нақлиёт муайян гардидааст, ҳоло 13 модул ба монанди роҳхат, низоми GPS/ГЛОНАСС/BAIDU мониторинг, тарозуҳои динамикӣ ва статсионарӣ, шиносномакунии электронии роҳҳо, Картотека, мукотибаи электронӣ, платформаи ягонаи идоракунии низомҳои нақлиётӣ, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсиякунонӣ, рухсатномаҳо, харитаи электронии дороиҳои роҳ ва иншоотҳои сунъӣ, шиддатнокии ҳаракат дар роҳ ва модули ҳуқуқвайронкунии нақлиётӣ, мавриди коркард ва тарҳрезӣ қарор доранд.

Айни замон аз 5567,8 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта 5266,3 км ё ин ки 94,5 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ карда шуд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” корбариҳо дар самти коркарди маълумоти ҷамъоваришуда оид ба муайян намудани хати ҷудокунандаи болопӯши роҳҳои автомобилгард аз рӯйи намуд, яъне муайянсозии намуди болопӯши роҳҳои автомобилгард, миқдори хати ҳаракати роҳ ва синфҳои ҳолати камбудиҳо дар болопӯши роҳҳо идома дошта, аз ҷониби машваратчиёни байналмилалӣ дар барномаи харитаи электронии роҳҳо ҷойгир карда шуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо ишғоли зинаҳои болотарро мавқеъ гирифт, ки ин самара рушдёбии соҳаи нақлиёти кишварро таҷассум намуд. Барои рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти мамлакат дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардидааст: «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард давоми панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.

Дар баробари ин, Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд».

Ҳамзамон дар баробари ин вазифаҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2024 супориши мушаххасро ҷиҳати андешидани чораҳои бетаъхир барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ, масъалагузорӣ намуданд.

Рақамикунонии нақлиёти барқӣ ҳадафи стратегие аст барои рушди устувори инфрасохтори нақлиёт дар соҳаи нақлиёти экологии мамлакат, ки ҳамчун васила дар самти ташаккули иқтисоди «сабз» метавонад нақши босазоро гузорад.

Дар ин масир, ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои «Барномаи рушди нақлиёти автомобилии барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 ба тасвиб расидааст, ҳамзамон бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи таҷрибаи давлатҳои пешрафта, бо дастури Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» бахшҳои нақлиёти барқӣ ва логистикаи рақамӣ таъсис ёфтанд.

Таъсиси ин бахшҳо метавонанд нақши муҳимро дар амалисозии инноватсияҳо ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи нақлиёти барқӣ дошта бошанд. Дар навбати худ, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»–ро зарур меояд, ки кӯшишро барои мувофиқ ва муосир нигоҳ доштани тамоми хидматҳои рақамӣ дар рушди муносибатҳо бо муштариёну ҳамкорон ба таври самаранок амал намояд.

Дар доираи масъалаҳои ташвиқ кардани истифодаи нақлиёти барқӣ ва паст кардани таъсири манфии нақлиёти анъанавӣ ба муҳити зист, чорабиниҳои зерин ба монанди – ба роҳ мондани тадбирҳои ҷалби бахши хусусӣ бо пешниҳоди имтиёзҳо ба истеҳсол ва хизматрасониҳо барои нақлиёти барқӣ, инчунин иншооти инфрасохтори барқгирӣ ва хизматрасонӣ; расонидани ёрии машваратӣ ва дастгирӣ дар ташкил ва танзими истеҳсоли аккамуляторҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи табиат; тарғиби афзалияти истифодаи нақлиёти барқӣ дар шабакаҳои иҷтимоиву васоити ахбори омма дар радифи дигар тадбирҳо, мувофиқи мақсад мебошанд.

Хулоса, имрӯз рақамикунонии босуръат ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири амиқ мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба самти гузариш ба модели рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияро интихоб намуда, онро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба меҳвари сиёсати давлат ҷойгир намуда, қадамҳои устувор мегузорад. Дар назар аст, ки дар оянда бо таҳким, рушд ва вусъатёбии иқтисоди рақамӣ мо ба беҳтаршавии мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалӣ, дастрасии аҳолӣ ва хоҷагиҳо ба интернети фарохмавҷу мобилӣ, болоравии сифати хизматрасонии рақамӣ, афзоиши ҳиссаи хизматрасонӣ дар шакли рақамӣ, миқдори ҷойҳои нави кории дар бахши рақамӣ таъсисшуда ва инчунин ба маҷмуи дигар нишондиҳандаҳои мақсаднок мерасем.

Фарзона ХУДОЙДОДОВА,
сармутахассиси Раёсати низоми зеҳнии нақлиётии КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Фарзона Худойдодова

Март 25, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Асад Маҷид Хон: «Саҳми Тоҷикистон дар тақвият бахшидани фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ назаррас мебошад»
Дар Ню-Йорк амалишавии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чили дар СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба «Ҳадафҳо барои обшавии ях: криосфераи дақиқ» баргузор намуданд
Тоҷикистону Бразилия тақвияти ҳамкории соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Наврӯзро ботантана истиқбол намуданд
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 39 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҷлил гардид
Ҷашни Наврӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намоиши дастовардҳои истеҳсолӣ, ихтироот ва инноватсия таҷлил шуд
Дар Чин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд
Сарвари давлат бори дигар шаҳрвандонро даъват намуданд, ки заминҳоро самаранок истифода намоянд