Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овоз доданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо дар баробари дигар сокинони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудаанд.
Беш аз 229 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ташкилоти гуногуни байналмилалӣ интихоботро назорат менамоянд. Илова бар ин, интихоботро беш аз 203 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос менамоянд.
Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 2 март ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.
Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид






