Рушди ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 март ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба тариқи маҷозӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вохӯрии маҷозӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзии Федератсияи Русия Оксана Лут масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба татбиқи Харитаи роҳ байни вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025 ва таҳкими ҳамкории минбаъда дар самти савдои мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, воридоти тухмии навъи элитаи зироати кишоварзӣ ва содироти моҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Воридоти тухмии лаблабуи қанд ва лаблабуи хӯроки чорво, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи назорати байторӣ ва фитосанитарӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани вазъи муътадили фитосанитарӣ ва эпизоотикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон