МАРКАЗИ «МЕҲРИ МОДАР». Занону духтарон дар он ҳунарҳои миллӣ меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи дӯзандагии Маркази «Меҳри модар» 150 нафар занон ба кор ҷалб гардида, ба зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ ва дӯхтани либосҳои миллӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз иттилоъ доданд.
Яке аз чеварони моҳири ин корхона Нигина Ҳабибулоева иброз намуд, ки баъди таъсиси Маркази «Меҳри модар» занону духтарони хонанишин соҳиби касбу кор шуданд.
Имрӯз дар корхона барои тамоми қишри ҷомеа либос омода мешавад. Либосҳои дӯхтаи чеварони корхона зебою шинам ва дастрас мебошад. Бинобар ин ҳатто муассисаҳои таълимии берун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба ин корхона дархост пешниҳод менамоянд.
Дар ошёнаи дуюми Маркази «Меҳри модар» коргоҳи қолинбофӣ ва адрасбофӣ фаъолият менамояд. Дар он 8 нафар занон ба қолин ва адрасбофӣ машғуланд. Дар ин коргоҳ шогирдон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ҷалб гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд






