Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар Осака доир шуд

Март 4, 2025 13:52

ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иштироки сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ фаъолият дорад, ки 3 март ҷаласаи дуюми он баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат иттилоъ доданд.

Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 бо иштироки 161 кишвари ҷаҳон ва 9 созмони байналмилалӣ баргузор мегардад. Онро беш аз 28 миллион нафар тамошо менамоянд.

Намоишгоҳ зери шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» доир мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуъҳои «Наҷоти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ»-ро бо назардошти иқдом ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ интихоб намудааст.

Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини вазорату идораҳо доир ба иҷрои корҳои анҷомдода, аз ҷумла дизайни павилиони мамлакат, интиқоли номгӯи молу маҳсулот, муаррифии имконияти сармоягузорӣ, намунаи нақшу нигораҳои фарҳанги миллӣ, инчунин сохти пиряхҳои табиати нодири ҷумҳурӣ ҳисобот дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо – Раиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳ Завқӣ Завқизода барои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти муаррифии дастовардҳо ва имконияти саноатию кишоварзӣ, сайёҳию ҷолибияти мамлакат, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин омодагӣ барои ҷалби ҳайати расмии ҷумҳурӣ сухан гуфт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2025 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» расман ба фаъолият оғоз намуд
Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Узбекистон мулоқот намуд
Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар дурнамои ҳамкории ЭКО ба самтҳои савдою сармоягузорӣ ва иқтисоди «сабз» афзалият дода шавад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми якуми минтақаҳои ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Инопром Осиёи Марказӣ-2025» иштирок намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми арбитражии Созмони ҳамкории Шанхай ва Чин иштирок намуданд
«Саноатсодиротбонк» аъзои Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором гардид
Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ICBC ва RAMP дар Вашингтон баррасӣ гардид
Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
Дар ноҳияи Муъминобод кишти зироати кишоварзӣ идома дорад
НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. Тоҷикистон ба мавҷи аккумуляторҳои истифодашудаи онҳо чӣ гуна омодагӣ мебинад?