Ширкати фаронсавии EDF дар дарёи Зарафшон корҳои омӯзишӣ мегузаронад

Март 3, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об  байни  Тоҷикистон ва Фаронса дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ва намояндагони ширкати Electricite de France S.A. (EDF)  дар Душанбе баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тарафҳо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегӣ дар соҳаи энергетикаро таъкид намуданд.

Ҷониби фаронсавӣ ба тақвият додани ҳамкорӣ, аз ҷумла иштироки ширкати EDF дар гузаронидани корҳои омӯзишӣ дар тарҳҳои  сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон  ва ҳамкорӣ бо ширкати муштараки Тоҷикистону Узбекистон «ТАУЗ Гидро» мароқ зоҳир намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон