СҲШ баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро истиқбол менамояд
ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҳамкории Шанхай 13 марти соли 2025 ба имзо расидани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки таҷассумгари иродаи неки тарафҳо оид ба ҳалли масъалаҳо бо роҳи осоишта дар руҳияи машваратҳои баробар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мебошад, истиқбол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин иттилоъ медиҳад.
«Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти хоссаи шартномаи имзошударо таъкид намуда, онро саҳми арзанда дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ менамоянд», — гуфта шудааст дар баёнияи котиботи Созмони ҳамкории Шанхай.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд






