Саҳми донишманди барҷастаи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар инкишофи илму техника назаррас аст. Эҳдо ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»

ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Абӯрайҳони Берунӣ яке аз донишмандони барҷастаи тоҷик буда, осори худро дар баробари забони арабӣ, ки забони илми он замон маҳсуб мешуд, бо забони тоҷикӣ низ таълиф намудааст. Илму андешаи ӯ роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни дониш – фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт, нуҷум, таърих, ҷуғрофия, минералогия, фармакология ва ғайраҳо паҳн шудаанд. Вай дар муқобили назарияҳои назариявию асримиёнагӣ, ки бештар суханварӣ ва баҳсу мантиқи бе таҷрибаро меписандиданд, ба таҳқиқи амалӣ ва таҷрибавӣ такя менамуд. Дар мукотиба бо Ибни Сино назарияи қадимии оламро зери танқид гирифта, худ тарафдори ҳудуси олам ва ҳалли мушкилоти табиат аз роҳи таҷриба буд. Осори ӯ, ки теъдоди беш аз 143 номгӯй дорад, то имрӯз яке аз сарчашмаҳои асосии пажуҳиши илмӣ дар соҳаҳои гуногун маҳсуб мешавад.
Матлаби мазкур бардоште аз ҳаёту фаъолияти илмӣ ва зиндагиномаи ин шахсияти бузурги илмию таърихии миллати тоҷик аст.
— Дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тавассути сиёсати фарҳангпарварона, дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин шиносонидани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихии тоҷикон аҳамияти ҷудогона касб намуд.
Арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҳувияти миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои бузург ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ беназир аст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат таҷлили солгарди бузургон ва эҳтиром ба шахсиятҳои барҷаста, ки дар ташаккули тамаддуни тоҷикон саҳм гузоштаанд, ба анъанаи муҳими давлатӣ табдил ёфтааст. Бо ибтикори Пешвои миллат муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шуда, 1100-солагии давлатдории Сомониён таҷлил гардид. Санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуданд. Ҳамзамон санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардиданд.
Боиси хурсандӣ аст, ки тавассути ин ташаббусҳо бо қарори дахлдори ЮНЕСКО ҷашни олими бузурги тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048), ки дар илмҳои физика, риёзиёт, ахтаршиносӣ, илмҳои табиӣ, таърих, гоҳнигорӣ, забоншиносӣ, ҳиндшиносӣ, заминшиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа, нақшанигорӣ, мардумшиносӣ, ахтарбинӣ, кимиё, пизишкӣ, равоншиносӣ, илоҳиёт, дорушиносӣ, таърихи дин ва маъданшиносӣ машҳури ҷаҳон ва эътирофи оламиён гаштааст, соли 2023 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид.
Омӯзиши осори Берунӣ ҳанӯз аз садаи XX шуруъ шуда, бузургтарин донишмандони ҷаҳони ислом, аз ҷумла Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Улуғбек, Қозизодаи Румӣ ва дигарон ба асарҳои ӯ истинод кардаанд. Баррасии илмии осори Берунӣ дар Аврупо дар садаи XIX оғоз ёфта, тавассути шарқшиносони бузург, ба монанди Э.Захау, Э. Видеман, К. Налино, К. Шой густариш ёфтааст.
Дар сарзамини Шарқ низ пажуҳишгарони зиёде ақидаҳои илмиву фалсафии ӯро таҳлил намуда, хизматҳояшро дар самтҳои гуногуни табиатшиносӣ бисёр муҳим донистаанд. Ба эътиқоди он касоне, ки андешаи ӯро омӯхтаанд, Берунӣ дар татбиқи ҷаҳонбинии таҷрибавӣ ва дифоъ аз мавқеи илмӣ—натурфалсафӣ саҳми калон гузоштааст.
Аз ҷиҳати табиатшиносӣ Берунӣ, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои ҳаракати ҷисмҳо, сохтори коинот, атомистика, падидаҳои физикавию астрономӣ, мафҳуми сабабият ва нақши ақл дар шинохти олам таваҷҷуҳ дошт. Вай бар хилофи андешаи куҳани “маҳалли табиӣ”-и Арасту кашида шудани ҳама чиз ба маркази оламро эътироф намуда, бо ин барои фаҳмиши қувваи ҷозибаи Замин таҳкурсӣ гузошт. Дар нуҷум ӯ на танҳо анҷом додани мушоҳидаҳои мухталиф, балки пешниҳод намудани гипотезаи офтобмарказиро низ матраҳ намуд, ки баъдан аз тарафи олимони дигар – аз ҷумла Тусӣ ва Улуғбек идома дода шуда, барои арзи вуҷуд кардани назарияи Галилей ва Коперник дар Аврупо замина фароҳам овард.
Нахустмоя ё асоси моддии ақсоми кайҳон ба эътирофи Берунӣ, чор унсур – обу хоку боду оташ мебошад. Дар масъалаи амали қонуни сабабият дар олам Берунӣ аз мактаби Арасту ва машшоиён пайравӣ карда, сабабиятро дар кайҳон меписандад ва Муҳаррики аввалро, ки ба мавҷудияти Олам такони аввал мебахшад, «Иллат-ул-илал» меномад. Берунӣ амали қонуни сабабиятро дар силсилаи маротиби вуҷуд, ҳамчунин нисбат ба падидаҳои дигари табиату ҳодисаҳои ҷамъият имконпазир медонад, ки ҳар яке барои дигаре сабабу натиҷа шуда метавонанд. Берунӣ бар хилофи уламои дигари ислом тамоми масъулияти оламро ба дӯши Офаридгор нагузошта, мавҷудияти қонунияти дохилии табиат ва ҷомеаи инсониро таъкид намудааст. Дар ин робита ӯ ба мақоми Ақл (қонунмандӣ) дар кайҳон ва ҳаёти инсон диққат додааст. Инсони дорои ақл дорои масъулият низ мебошад.
Дар риёзиёт ҳам Берунӣ саҳми калон дорад: ӯ мафҳумҳо ва усулҳои гуногуни арифметикию алгебравиро такмил дод, дар масъалаҳои ҳисоббарорӣ, комбинаторика, решаҳои квадратӣ ва кубӣ таҳқиқоти муфассал анҷом дода, ҷустуҷӯйи адади π (пи)-ро низ дақиқтар кард. Ҳамаи ин баррасиҳо ва таҳқиқот дар асарҳояш, ба монанди «Қонуни Масъудӣ», «Китоб-ут-тафҳим» ва дигар китобҳояш гирд омада, то ҳол манбаи арзишманди илмию таърихӣ ба шумор мераванд. Берунӣ дар маҷмуъ ҳамчун мутафаккири шуҳратёр, энсиклопедист, табиатшиноси амалӣ ва файласуфи ратсионалисти асримиёнагӣ шинохта мешавад, ки равиши таҳқиқоти таҷрибавиро дар маркази фаъолияти худ қарор дода, ба рушди илмҳои дақиқ, фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузоштааст.
Ҳамчунин Абӯрайҳони Берунӣ дар самтҳое, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият мебарад, дастовардҳои бузург дорад:
1. Минералогия
Яке аз муҳимтарин осори Абӯрайҳони Берунӣ дар соҳаи минералогия «Китобу-л-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» мебошад, ки дар он хусусияти гуногуни ҷавоҳирот (сангҳои қиматбаҳо) ва металлу маъданҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар ин асар бо рӯйиши илмии хос, ки бо таҳлил ва таҷрибаву мушоҳидаи бевосита ҳамроҳ аст, таркиб, ранг, сахтӣ ва арзиши сангҳои гаронбаҳо шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Вай инчунин дар бораи роҳҳои коркард ва истифодаи онҳо дар замонҳои гуногун маълумоти муфид дода, бо далелҳои таърихиву ҷуғрофӣ аҳамияти иқтисодию фарҳангии истихроҷи маъданҳоро нишон медиҳад. Маҳз ҳамин навъи таҳқиқ бар пояи мушоҳида ва тавсифи дақиқ Беруниро яке аз саромадони соҳаи минералогияи асрҳои миёна гардонидааст.
2. Геология ва металлургия
Дар масоили геология Берунӣ таъкид мекард, ки таркиби қабатҳои Замин аз рушду дигаргуниҳои дарозмуддат вобаста аст. Вай тавассути мушоҳидаҳои мустақим ва муқоисаҳои байни минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ ба хулосае мерасад, ки тағйироти табақаҳои заминӣ дар пайванди зич бо обу ҳаво, иқлим, ҳаракатҳои тектоникӣ ва тағйироти дигари табиӣ қарор дорад. Дар баробари ин ӯ гузориш дод, ки сангҳои пошхӯрда тавассути обҳои дарёву бориш бурда шуда, дар маҳалҳои дигар шоха мезананд ва қабатҳои нави заминӣ эҷод менамоянд. Ин навъи ташреҳоти мавҷударо метавон ҳамчун заминаи назарияи геологии давраҳои минбаъда арзёбӣ намуд.
Олими бузурги рус С.М. Мелников дар китоби худ “Металлургияи сурма” соли 1977 доир ба истифодаи трисулфати сурма иброз менамояд, ки аз давраҳои қадим олими бузурги тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар асари худ «Ҷамъоварии маълумот оид ба шинохти металлҳои қиматбаҳо» («Собрание сведений для познания драгоценностей») аҳамияти махсус ва манфиати истифодаи пайвастагиҳои сурмаро пешниҳод намудааст. Аз ин хулоса баровардан бамаврид аст, ки Берунӣ дар самти илми металлургия ва истихроҷи металлҳои нодир низ корҳои хуби илмию таҳқиқотӣ анҷом додааст.
3. Геодезия
Саҳми Берунӣ дар геодезия, махсусан дар андозагирӣ ва дақиқ кардани масофаи байни шаҳрҳо, муайян намудани мадори Замин, тарзу усули истифода аз обзорҳои геодезӣ (монанди астурлоб) зоҳир мешавад. Вай дар асари «Таҳдиду ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳи масофат-ил-масокин» нуктаҳои гуногуни заминро аз лиҳози тӯлу арзи ҷуғрофӣ барои ҳисоб кардани масофаи байни маҳалҳо таҳлил намудааст. Барои он ки чизе дар ҳисоббарориҳояш xато набошад, Берунӣ таҷриба ва мушоҳидаҳои сершумор анҷом дода, аз санҷиши гуногуни усулҳои ҳисоббарорӣ истифода мебурд. Ин навъи амалияи анҷомдодаи ӯро метавон шуруи ҷиддии илмии геодезӣ дар шарқи исломӣ номид.
4. География
Берунӣ бо сабку услуби дақиқи илмии худ дар ҷуғрофияи ҷаҳон низ саҳми намоён гузоштааст. Ӯ дар «Қонуни Масъудӣ» ва дигар асарҳо масъалаҳои масоҳати рӯйи Замин, ҷойгиршавии иқлимҳо, таҳаввулоти метеорологӣ, обу ҳаво ва таъсири обҳои дарёю уқёнусҳоро бар муҳити зист тавзеҳ додааст. Вай мавқеи ҷуғрофии кишварҳои гуногунро бо додани иттилооти вижа дар бораи обу ҳаво, иқлим, растаниву ҳайвоноти хоси онҳо баррасӣ карда, инчунин пайдоиши нобаробарии шароит дар манотиқи мухталифи рӯйи Заминро шарҳ медиҳад. Маҳз таҳлили мукаммалу хусусияти муқоисавии мадании ӯ имконият дод, ки Берунӣ ба унвони асосгузори усули таърихию муқоисавӣ дар ҷуғрофиё ва мардумшиносӣ шинохта шавад.
Дар ҳақиқат нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар рушд ва инкишофи илми башари хеле бузург дониста мешавад, таҳқиқоти Абӯрайҳони Берунӣ дар илм ва фалсафаи ҷаҳон таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.
Абӯрайҳони Берунӣ яке аз нахустин чеҳраҳои илму маърифат ва фалсафа дар дунёи илм ба шумор меравад. Ин фарзанди фарзона, донишманд, олим ва мутафаккири ҳамаи давру замонҳо дар Хоразм таваллуд шудааст, ки дар он даврон Мувароуннаҳри қадим дар тобеияти давлати Сомониён буд. Воқеан ҳам таваллуд шудани Абӯрайҳони Берунӣ дар хонаводаи асили тоҷик ва мутафаккир шудану оламшумул гардиданаш ифтихори бузурги ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Собит шудааст, ки бисёре аз давлатҳою минтақаҳо осори гузашта ва мероси таърихии худро дар осор ва афкори Абӯрайҳони Берунӣ ҷустуҷӯ менамоянд, зеро Абӯрайҳони Берунӣ дар баробари таълифи осори бузург ҳамеша дар сафар буда, дар ҳама сафарҳои худ масъалаҳои ҷуғрофӣ, тиббӣ, гиёҳшиносӣ ва инсоншиносиро баррасӣ ва матраҳ намудааст. Воқеан ҳам дар шароите, ки дар дунё таҳаввулоти илмӣ, файлсафӣ, таърихӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд меояд, афкори Абӯрайҳони Берунӣ ба мо собит менамояд, ки тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои қадим дар рушду илму маърифати ҷаҳонӣ ҳамеша саҳмгузор буданд ва тавонистанд, ки бунёдгузори бисёре аз илмҳои замона то ба имрӯз бошанд. Воқеан ҳам ҳамаи илмҳое, ки Абӯрайҳони Берунӣ ба он даст зада, бунёдгузорӣ намудааст, имрӯз баёнгари ташаккули илм ва технология дар ҷаҳони муосир ба шумор мераванд.
Солҳои 995 ва 997- ҳангоми сафар гузори Абӯрайҳони Берунӣ ба шаҳри Рай меафтад ва бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ шинос шуда, аз ӯ маърифати замона меомӯзад, соли 997 ба зодгоҳаш баргашта, глобус месозад ва онро барои муайян намудани тӯлу арзи шаҳрҳо истифода мебарад.
Воқеан, олимон, кайҳоншиносон, ахтаршиносон, файласуфон, мутафаккирон, табибон, гиёҳшиносон, заминшиносон, инсоншиносон ва фарҳангшиносони мо ҳамеша барои саодати башарӣ талош намудаанд. Абӯрайҳони Берунӣ яке аз олимони бориз ва ҷовидонаи илми башарӣ ба шумор меравад, ки баъд аз мутолиаи дарозмуддати осори Юнони қадим, Ҳинди қадим ва Чини қадим ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардид. Баъд аз сафари худ ба Ҳиндустон тавонист ба дастовардҳои бузурги илмӣ ва эҷодӣ ноил гардад.
Воқеан, осор ва афкори Абӯрайҳони Берунӣ баёнгари он аст, ки миллати тоҷик ҳанӯз аз даврони қадим дар ҷомеаи башарӣ бунёдгузори илм ва маънавият ба шумор мерафт.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон