Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқоти ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо коршиносони консорсиуми лоиҳа ва намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои муҳими татбиқи лоиҳа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба тарҳрезии хатҳои муосири технологӣ ва таҷҳизоти соҳавӣ, инчунин корҳои сохтмонӣ, тарҳи бино ва ҷобаҷогузории озмоишгоҳу синфхонаҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Меҳмонон инчунин бо ҳайати кории лоиҳавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босамари лоиҳа ва таҳкими ҳамкории минбаъдаро баррасӣ карданд.
Ҳамзамон меҳмонон бо озмоишгоҳҳои таълимию илмии соҳаи нассоҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва имконияту заминаи моддию техникии мавҷуда аз наздик шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) маблағгузорӣ ва татбиқ мегардад.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






