СААД баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро истиқбол менамояд

Март 13, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи ин созмон.

«Бо шарофати талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии сарони ду давлат имкон пайдо шуд, ки оид ба гузариши хати сарҳади давлатӣ дар тамоми дарозии қариб ҳазоркилометрии он созиш ҳосил шавад», — омадааст дар изҳорот.

Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, бешубҳа, қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории минтақавӣ, баланд бардоштани амният дар минтақаи масъулиятдоштаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои асосии он мегардад.

Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ изҳори боварӣ менамояд, ки шартномаи баимзорасида барои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни миллатҳои бо ҳам дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин  рушди иқтисодӣ ва инкишофи мутаносиби ҷамъиятҳои ҳарду давлат хизмат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 13, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд