SuperApp-и маъруф боз ҳам мувофиқтар гардид

Март 5, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони IT-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон» интерфейси замимаи мобилии «МегаФон Life»-ро такмил доданд. Яке аз маъмултарин SuperApp-и ҷумҳурии мо барои корбарон мувофиқтар гардидааст  ва иҷрои якчанд амал ҳоло вақти камтарро  мегирад.   

Хизматрасониҳо зери тугмаи алоҳида

Пайдо намудани сервисҳои зарурӣ дар дохили замима осонтар  гардид. Пештар дарёфти онҳо тавассути «Ҳамён» доир мешуд.  Ҳоло барои ин  пахши  тугмаи «Хизматрасониҳо» дар феҳристи  поёни экран кифоя аст. Дар рӯйхати кушодашуда шумо метавонед маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруҳоро фармоиш диҳед, қарзу суғуртаро  ба расмият дароред, чиптаҳои ҳавопаймо, чиптаҳоро барои  кино,  театр ва намоишгоҳҳо бихаред.

Аз сторис рост ба сомона

Сторисҳои  интерактивии дар зери хати тасвири  тавозун ҷойгиршуда такмил дода шуданд. Пештар шумо бояд аввал паёмакро  аз назар мегузаронидед ва  сипас ба  сомонаи ҷолиб мустақилона тавассути браузер мегузаштед.  Ҳоло ҳангоми пахши сторис корбар фавран ба «нуқтаи даркорӣ» мерасад. Масалан, равзанаи «Кор дар МегаФон» соҳиби смартфонро ба сомонаи jobfm.tj мебарад, ки дар он ҷо вазифаҳои  озодро   пайдо намудан мумкин аст.

Суроға (диплинк)-ҳо – роҳи кӯтоҳ ба сӯи маълумот

Зимнан, масири  иттилоот  низ  содатар  карда шудааст. Истифодаи суроғаҳои бевосита (диплинкҳо) имкон медиҳад, ки соҳибони дастгоҳҳои Android ва iOS  ба  бахши зарурии замимаи MeгаФон  Life гузаранд. Масалан, ҳангоми гирифтани SMS бо пешниҳоди тамошои блокбастери нав корбар аз тариқи суроғаи воридшуда ба саҳифаи  иқдоми дахлдор дар замима мегузарад. Ҳамин тариқ, роҳ чанд қадам кӯтоҳтар шуд ва  дар хотир гирифтани  тартиби амалҳо дигар зарур нест,  зеро  онҳо  бо истиноди бевосита иваз карда мешаванд.

Мушаххаскунӣ (идентификатсия) дар дохили замима

Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар радифи дигар имконоти мувофиқ пешниҳод намуданд, ки тартиби идентификатсияи   фосилавии истифодабаранда содатар карда шавад. Акнун метавонед онро бевосита дар замима, бе гузариш ба  сомона  анҷом диҳед. Инчунин бо ин роҳ вақт камтар сарф шуда,  маҳорати  корбар меафзояд.

«МегаФон Life» ҳарчи  бештар ба воситаи муфиду  муносиб ва функсионалӣ табдил ёфта, барои рафъи аксари  эҳтиёҷоти   ҳаррӯза кумак мерасонад. SuperApp –ро  боргирӣ намоед ё онро то  сатҳи намунаи охирин нав намуда,  аз тамоми имконияти замима баҳравар гардед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Март 5, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд