Таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва
ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 марти соли 2025 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон» дар Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони мақомоти марбутаи кишвари иқомат, доираҳои илму фарҳанг, намояндагони корпуси дипломатӣ, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон» омода гардида буд, иштирокдоронро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири Тоҷикистон шинос намуд.
Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои донишҷӯёни тоҷик, аҳли нишастро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.
Баъд аз қисми расмии чорабинӣ филми мустанад оид ба фарҳанги волои миллати тоҷик манзур гардида, ҳунарҳои мурдумӣ, ғизоҳову либосҳои миллии Тоҷикистон ба иштирокдорони ҳамоиш муаррифӣ карда шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия











МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд






