Тоҷикистон бо ширкати “Venture One” ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон бо ҳайати пажуҳишгарони Шурои аморотӣ оид ба таҳқиқоти технологияҳои пешрафта зери роҳбарии Мудири иҷроияи ширкати “Venture One” Ризо Нидако вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо сафари корӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб қарор дорад.
Дар вохурӣ ҷонибҳо роҷеъ ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуда, омодагии хешро барои ҳамкорӣ дар самтҳои пажуҳиши технологияҳои инноватсионӣ ва дарёфти равишҳои муассир барои истифодаи муфиди имконияти зеҳни сунъӣ дар бахшҳои маориф, хоҷагидорӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти киберӣ баён намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд






