35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор сохтмони 4 мактаби нав ва 2 муассисаи томактабӣ шуруъ шуд

Апрель 20, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2025 /АМИТ «Ховарр»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар партави  сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ноҷии Болои Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор сохтмони  бинои   мактаби нав дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 оғоз гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Зимни маросими гузоштани санги асос,  бунёди мактаби нав дар самти татбиқи  сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат қарор додаанд, муҳим арзёбӣ карда шуд. Инчунин  хонандагон ба азхудкунии донишҳои замонавӣ, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят гардиданд.

Бинои мактаби нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона, як толори маҷлис ва ду утоқи корӣ барои 850 хонанда дар ду баст мебошад.

Соли 2024 дар шаҳри Ҳисор  62 синфхонаи иловагӣ ва ду бинои нави мактаб мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар шаҳр бунёди 4 мактаби нав ва 2 муассисаи томактабӣ шуруъ шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

 

Апрель 20, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд