35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблок бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблок бунёд мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, корхона бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов бунёд мешавад. Дар корхона бо истифода аз технологияи муосир маҳсулоти босифати сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад. Дар марҳилаи аввали фаъолият дар корхона аз 40 то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин дар шаҳр сохтмони тарабхона идома дорад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, бо беҳтарин шароити хизматрасонӣ омода гардида, 40 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
Ҳамзамон корҳо барои навсозӣ ва таҷдиди кӯли шаҳр ва меҳмонхонаи «Хуҷанд» бо суръат идома доранд. Бинои меҳмонхона, ки аз 14 ошёна ва 187 ҳуҷра иборат аст, барои қабули 294 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа бунёду навсозии тамоми утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои истиқоматӣ, тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 126 нафар, маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






