5 ҳазор истироҳатгоҳи Тоҷикистон барои фароғати тобистонаи кӯдакон ва наврасон омода карда мешаванд

Апрель 28, 2025 11:59

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҷумҳуриявии  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Тавре аз ин федератсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ҷаласа иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» бо иштироки роҳбарони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор  баррасӣ карда шуд.

Имсол низ чун солҳои қаблӣ омодагӣ ба маъракаи ҷалби кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ дар мавсими тобистони соли 2025 беш аз пеш тавсеа меёбад.

Федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт назорат намуда, бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва дар онҳо муҳайё намудани шароити заруриро амалӣ менамояд.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

 

Апрель 28, 2025 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад